Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 19:10

Сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 300 кВт соат дар ноҳияи Ванҷ оғоз шуд

23 май 2012, 12:52

Имрӯз, 23 май дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ бо дастгирии сафорати  Кореяи Ҷанубӣ дар  Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Кореяи Ҷанубӣ (KOICA)  сохтмони боз як нерӯгоҳи хурди дигар оғоз гардид.

Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба «Озодагон» иттилоъ доданд, сохтмони нерӯгоҳи мазкур бо ҷалби маблағҳои грантӣ, ки соли 2011 ба имзо расида буд, бо мақсади ба роҳ мондани рушди ҳамкориҳои судманди кишвари Тоҷикистону Корея роҳандозӣ гардидааст. Гуфта мешавад, иқтидори лоиҳавии ин нерўгоҳи хурд 300 кВт-соатро дар бар гирифта, бо мавриди истифода қарор додани он 309 адад хоҷагиҳои деҳаҳои Мотравн, Шовут, дашти Шовут ва Будун, инчунин ду мактаб, як беморхона ва як боғчаи бачагона бо нерўи барқ таъмин хоҳанд шуд. Манбаъ мегӯяд, иншооти мазкур тибқи нақша то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешавад:

«Таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи озмоишии НБО-и хурди маҷрои иншооти мазкур аз тарафи мутахассисони Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ширкатҳои «Дохва Инжиниринг» ва «Экошин»и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ амалӣ гардид. Хишти аввалини сохтмони ин нерӯгоҳро Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат гузошт, ки дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳамчунин сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Юон Ҷангу, раиси ВМКБ Қодири Қосим ва директори Агентии Ҳамкориҳои байналмилалии давлати Кореяи Ҷанубӣ (KOICA) Ли Киюнг Санг иштирок намуданд, афзуд манбаъ.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!