Исми шаҳрҳои Боку ва Доҳаро аз феҳрасти муддаиён барои мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 шудан берун кардаанд.
Тибқи хабарҳои расида тасмими аз рӯйхат ҳазф кардани пойтахтҳои Озорбойҷон ва Қатарро Кумитаи байналмилалии олимпӣ зимни ҷаласаи ахири худ дар шаҳри Квебеки Канада гирифтааст.
Дар феҳрасти шаҳрҳои муддаӣ барои баргузор кардани Олимпиадаи 32-юм Истанбул, Токио ва Мадридро дидан мумкин аст. Тасмими ниҳойӣ ва мизбони Олимпиадаи соли 2020 моҳи сентябри соли 2013 маълум мешавад.
Ёдовар мешавем, соли равон Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон мегузаранд. Соли 2016 бошад, Рио-де-Жанейро мизбони олимпиада хоҳад буд.
Мӯҳр