Бахшҳо

Конибодом роҳи марказияшро таъмири капиталӣ мекунад

Дирӯз, 23 май Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд аз шаҳри Конибодом боздиди корӣ анҷом дод.

Аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори маҳалллии Озодагон иттилоъ доданд, ки нахуст раиси вилоят аз ҷараёни корҳои ободонӣ ва ҳолати имрӯзаи роҳҳои марказии шаҳри Конибодом шинос шуд.
Роҳи марказии шаҳр, кӯчаи ба номи Ленин ва Камоли Хуҷандӣ ба таъмири капиталӣ ниёз доранд. Бо дастури Қоҳир Расулзода роҳи марказӣ соли ҷорӣ аз нав мумфарш мешавад. «Зимни боздид раиси вилоят ба масъулон спориш дод, ки лоиҳа ва харҷномаи  пурра асфалтпӯш намудани роҳро тартиб дода, ба корҳои барқароркунӣ оғоз намоянд ва  ба масъулини шаҳрдории шаҳри Конибодом супориш дод, то барои обод намудани роҳраву гулгаштҳо ва намуди зоҳирии биноҳо чораҳои зарурӣ андешад»,-афзуд сарчашмаи хабар.

Ба иттилои манбаъ, сипас раиси вилоят аз маркази тиҷоратии «Созмон» дидан намуд. Ин марказ яке аз аввалин коргоҳҳое мебошад, ки дар шаҳри Конибодом бо истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва истпеҳсоли мебел машғул аст. Дар ин корхона алҳол 20 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин ҳастанд. Дар ояндаи наздик ширкати «Созмон» ният дорад барои занҳо ҷойҳои кории нав ташкил намояд. Аз ҷумла, таъсис додани сехи дӯзандагӣ, зардӯзии миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои халқиро Коҳир Расулзода мувофиқи мақсад шуморид.
Ҳангоми боздиди корӣ меҳмонон ба мактаби рақами 54-и шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Мактаби мазкур барои 600 хонанда пешбинӣ шудааст. Бинои мактаб пурра аз нав барқарор шуда, корҳои сохтмонӣ ба охир расиданд. Бо супориши раиси вилоят мактаби навбунёд бо мизу курсиҳои дарсӣ ва лавозимоти хониш таъмин мешавад. Ба истифода додани мактаб дар соли хониши нав дар назар аст.

Дар идомаи сафар ҷаноби Расулзода аз ҷамъияти саҳҳомии Энаҷон Бойматова дидан кард. «Хоҷагии овозадори шаҳри Конибодом бо парвариши ниҳол, асосан дарахти зардолу машғул ҳастанд. Бинобар маълумоти сарвари хоҷагӣ ҳар сол то 30 ҳазор ниҳоли зардолу парвариш мекунанд. Соли ҷорӣ бошад, парвариши боз 25 ҳазор намуди ниҳолҳои гуногун ба монанди сафедор, ангур, анор, чормагз ва дигар дарахтони мевагиро ба роҳ мондаанд»,-илова кард манбаъ ва афзуд, ки дар боғҳои зардолуи хоҷагӣ зиёда аз 20 намуди гуногуни зардолу парвариш меёбанд. Ҳар сол ҳосилнокии пахта беш аз 40 сентнерро ташкил медиҳад. Чунин тарзи  корбарӣ барои дигарон намунаи ибрат бояд  бошад, таъкид намуд Қоҳир Расулзода.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)