Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:11

Қазияи лату куби Далер Шариповро прокуратура таҳқиқ мекунад

24 май 2012, 04:31

Қазияи лату куби Далер Шарипов, хабарнигори шабакаи телевизиони «Сафина» ва яке аз масъулони созмони сабтиномнашудаи «Қадам ба қадам»-ро прокуратураи ноҳияи Сино таҳқиқ мекунад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД ба Озодагон гуфт, ки ҳодисаи мазкур дар мақомоти 2-юми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда, айни ҳол дар прокуратураи ноҳияи Сино бо моддаи 212-и кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шудааст.

 

Ёдовар мешавем, Далер Шарифов шаби 7-уми майи соли равон дар наздикии бинои сафорати Русия аз ҷониби шахсони номаълум мавриди лату куб қарор гирифт.

Ҷаноби Шарипов аз ин пеш эълон карда буд, ки ҳамроҳ бо як гурӯҳи ҷавонони фаъол тасмим гирифтааст, созмони иҷтимоиеро бо номи «Қадам ба қадам» таъсис диҳад. Мубориза алайҳи маҳалгароӣ ва муттаҳид намудани ҷавонони тамоми қаламрави Тоҷикистон аз аҳдофи аслии созмони мазкур унвон мешуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!