Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Муовини вазир нақши Созмони озуқа ва кишоварзиро муҳим арзёбӣ кард

24 май 2012, 05:28

Роҳҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони кишоварзӣ ва озуқаи СММ баррасӣ гардид.

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон хабар доданд, ки Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷӣ бо Мустафо Синасур, намояндаи минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ анҷом доданд. Ба қавли манбаъ зимни мулоқот Мустафо Синасур  иштироки фаъоли ҳайати Тоҷикистонро дар кори Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, ки дар шаҳри Боку баргузор шуд, тазаккур карда, аз натиҷаҳои чорабинии мазкур маълумот дод.
Сарчашмаи хабар афзуд, ки дар навбати худ муовини вазири корҳои хориҷӣ нақши Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ-ро дар ноилшавӣ ба ҳадафи стратегии кишвар- таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши ҳамкориҳо бо ин ниҳод изҳор намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!