Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:10

ВКД-и Русия: Ҳамагӣ ду фоизи ҷиноятҳоро муҳоҷирини меҳнатӣ содир кардаанд

24 май 2012, 06:20

ВКД ва мақомоти омори Русия аз васоити ахбори омма, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар тақозо кардаанд, то дар мавриди инъикоси вазъи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирин аз оморӣ расмиву дақиқ кор бигиранд.

Ин тасмими мақомот барои барҳам задани ҳангомаҳо оид ба зиёд будани ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирин, ки ба зиддиятҳои қавмиву мазҳабӣ ва нажодӣ дар ин кишвар боис шуда метавонанд, равона будааст.  Муҳоҷирини Русия ҳамагӣ наздики 2 фоизи ҷинояткориро дар ин кишвар содир мекардаанд. Бино ба маълумоти ВКД-и Русия дар соли 2011 муҳоҷирин аз кишварҳои пасошуравӣ ҳамагӣ 1,7 дарсади ҷиноятҳоро дар қаламрави ин кишвар содир кардаанд. Сомонаи расмии ин ниҳод менависад, ки аз теъдоди беш аз 2 миллиону 400 ҳазор ҷинояти дар соли 2011 содиршуда ҳамагӣ 40,5 ҳазори он ба муҳоҷирини кишварҳои узви ИДМ рост меояд.
На зиёдтар аз 2% и ҷиноятҳои дар Русия содиршавандаро муҳоҷирин содир кардаанд. Дар минтақаҳои анбӯҳи муҳоҷирин сатҳи ҷинояткорӣ аз ҳисоби миёнаи кишвар ҳам паст буда, ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирин нисбат ба мардуми маҳаллӣ 3 баробар кам мебошад, менависад сомонаи расмии ВКД-и Русия.
Тибқи иттилоъи расмӣ дар 9 соли охир дар Русия бо ҳисоби умумӣ ҳамагӣ 1, 9 дар сади ҷиноятҳоро муҳоҷирин содир кардаанду халос.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!