Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Дар ҷануби Маскав боз як тоҷикро парронданд

24 май 2012, 09:43

Бино ба маълумоти як манбаъи мӯътамади Интерфакс аз ниҳодҳои интизомӣ шоми гузашта дар ҷануби Маскав як роҳрӯби тоҷик кушта гардидааст.

Дар рӯбарӯи хонаи рақами 22 кӯчаи Подолских Курсантов ҷасади ҳавлирӯби тоҷики аз гарданаш тирхӯрда пайдо гардид гуфтааст, манбаъ ба Интерфакс.

Мақомоти пулис гуфтаанд, аллакай гумонбареро барои қатли роҳрӯби тоҷик дастгир карданд, ки иқрор кардааст, ки дар баҳс бо ин тоҷик аз милтиқи зарбрасон ба ӯ тир кушодааст ва дар натиҷа ин тоҷик ба ҳалокат расидааст. Феълан гумонбар то эълони айб боздошт шуда, аз рӯи ин далели қатли тоҷикписар парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Аммо мақомот дар бораи ҳуввияти ин тоҷикписар хабар надодаанд.

Дар ҳамин ҳол Маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, сафорат  барои дақиқ кардани шахсияти мақтул ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст ва дар мавриди дастрас кардани маълумот омода аст кӯмаки лозимаро бирасонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!