Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:30

Дар Душанбе боз як муассисаи ташхиси тиббӣ оғоз ба кор намуд

25 май 2012, 04:19

Кен Гросс, сафири ИМА дар расми ифтитоҳи расмии Маркази ташхисии Нурафзо, ки дар Маркази миллии тиббӣ, воқеъ дар Қарияи Боло ширкат варзид.

Ин муассиса хизматрасонии ташхисиро бо истифода аз дастгоҳҳои томографияи компютерӣ, томографияи магнитӣ-резонансӣ ва рентгени рақамӣ фароҳам меорад.  Нурафзо ба таври аксарият ба ширкати амрикоии Axiom Investments тааллуқ дорад, ки он ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар кишварҳои тараққикунанда сармоягузорӣ мекунад.

Зимни суханронии худ сафир Гросс иброз дошт, ки маркази ташхисии мазкур ҳамчун намунаи аълои сармоягузорӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муассисае мебошад, ки ба аҳолии маҳаллӣ манфиати назаррас меорад. Маркази Нурафзо 21 нафар коршиносони баландихтисоси маҳаллиро бо кор таъмин мекунад ва ба мизоҷони зиёде аз шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар хизмат мерасонад. Ин гурӯҳ бо сармоягузории ширкати Axiom тасмим дорад боз панҷ марказҳои ташхисиро дар Суғд, Хатлон ва маҳалҳои дигари Душанбе кушояд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!