Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 24 май 2017, 22:46

Аз Ваҳдат силоҳу аслиҳаи ҷангӣ ёфтанд

25 май 2012, 04:42

Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ як махфигоҳи яроқу аслиҳаро ошкор намуд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ин махфигоҳ дар ҳудуди дараи Мағови ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат ёфт шудааст. «Аз махфигоҳ як адад яроқи ПК бо лентаи тирҳояш (86 дона тир), як бомба, як автомати Калашников, як адад яроқи шикорӣ, се таппончаи Макаров, нӯҳ норинҷаки дастӣ, зиёда аз 2500 дона тирҳои гуногун ва дигар лавозимоти ҷангӣ ошкор ва мусодира карда шуд»,-афзуд манбаъ.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!