Бахшҳо

Президенти Русия аз тасмими шаҳрдори Душанбе пайравӣ мекунад

ВАО-и  интернетии Русия барои шарҳи муштариёнашон (манзур комментарии аст) ҷавобгар хоҳанд шуд.

Бино ба супориши президенти ин кишвар Дмитрий Медведев то 1 августи соли равон тағйирот дар қонунгузорӣ ворид хоҳад шуд, ки барои нашароти хонандагони сомонаҳо ВАО-ро масъул хоҳад кард.

Дмитрий Медведев бар асоси сӯҳбат бо ҷомеаи интернетии кишвараш, ки охири апрели соли равон доир гашта буд, ин тасмимро гирифтааст ва ҳам акнун як қатор масъулин, аз ҷумла вазири алоқаву мухобирот Игор Шеголев, вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров, муовини сарвазир Игор Шувалов  муваззаф шудаанд, то 1 августи соли 2011 ҳадди масъулияти идораи ВАО-ро барои паҳни маводи ташреҳии хонандагон ва изҳороти тарафи саввум, ки қонунгузории ФР, аз ҷумла қонунгузории зидддитеррористиро вайрон мекунанд, муайян созанд.

Ҳамчунин, Медведев супориш додааст, то тағйироту иловаҳо ба қонун бояд ба баҳси мутахассисин вогузошта шавад ва ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Маврид ба ёдоварист, як чунин изҳори нигаронӣ дар мавриди шарҳҳои интернетӣ дар миёнаи моҳи май низ аз сӯи райиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев садо дода буд. Аз ҷумла дар баёнияи дафтари матбуотии пойтахт он вақт навиштанд: "Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ВАО (расонаҳо) ва бештар дар бахши «назарҳо»-и сомонаҳо (сойтҳои интернетӣ) баёни афкори носолим ифода мегардад, ки он воқеъан нигаронкунанда ва ингуна сӯиистифода кардан аз озодии баён дар минбари тавлидкунандаи афкори омма назди қонунгузории кишвар бо дарназардошти оқибатҳои таҳрифкории воқеъият посухталаб мебошад."{jathumbnail off}

Зимнан, ҳукумати Душанбе аз тамоми раҳбарони расонаҳо ва масъулини сайтҳои интернетӣ даъват карда буд, ки усули озодии баёнро риъоят кунанд ва аз он чӣ ки ба вайроншавии фазои иттилоотӣ бойис мегардад, ҷилавгирӣ кунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)