Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:29

Дар ИМА мардеро пушти панҷара кашиданд, ки 33 сол қабл ноболиғеро куштааст

25 май 2012, 05:11

Педро Эрнандес, як истиқоматкунандаи штати Ню-Ҷерсии Амрико, ки рӯзи панҷшанбе дар Ню-Йорк боздошт шуд, ба куштори як кӯдаки шашсола дар 33 соли пеш иқрор кардааст.

Этан Патс 25-уми майи соли 1979 аз манзили зисташон дар ноҳияи Сохо аввалин маротиба мустақилона ба мактаб рафт ва дигар барнагашт. Эрнандес гуфтааст, тифлро буғӣ карда куштааст. То кунун волидони ӯ дар интизори фарзандашон роҳ мепоиданд. Бедарак шудани Патс дар ИМА вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Соли 1983 президент Роналд Рейган 25-уми майро Рӯзи миллии кӯдакони бедаракшуда эълон кард.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!