Тибқи иттилои РБДА, рӯзи 23-юми майи соли равон тахминан соати 15:00 ронандаи сабукрави «Мерседес бенс» Давид Саломатхонови 22 сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Хоруғ-Рошқалъа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Амза Навбаҳорови 11 сола ва Баргигул Сомоноваи 66 соларо пахш мекунад.
Ба иттилои манбаъ бар асари ин ҳодиса ҷабрдидаҳо дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Бегоҳи ҳамон рӯз бошад, дар ноҳияи Нурободи минтақаи Рашт сарнишини автомашинаи «Опел астра» Ҳайдаршоҳ Хоҷаеви 23 сола ҳангоми ҳаракат дар километри 130-юми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, мошинро чаппа мекунад. Дар натиҷа мусофири ноболиғ, Сумая Сайёдоваи 6 сола ҷароҳати вазнин гирифта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Манбаъ илова намуд, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 6 сониҳаи нақлиёти ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 3 нафар ҷони худро аз даст дода, 3 тани дигар захм бардоштаанд.
Мӯҳр