25-уми май дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шањри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масъалаҳои омодагии шаҳрдорӣ ба таҷлили 15-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси шаҳр ба нақшаи қаблан тасдиқгардидаи шаҳрдорӣ оид ба таҷлили 15-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ тағйирот ворид намуда, тақвими баргузории чорабиниҳои шаҳриро ба ифтихори ин сана- 27-уми июни соли 2012 тариқи зайл муайян кард:
Соати 9:00 бо инобати 15-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таносуби чор ноҳияи шаҳр баргузории тӯйи арӯсии 60 нафар (15х4) ҷавон аз оилаҳои ниёзманд бо тақдими тӯҳфаҳо ва маблағи молиявӣ дар ҳаҷми умумии 5827 сомонӣ ба ҳар як ҷавони навхонадор ва доир намудани расми тантанваии супоридани шаҳодатномаҳои ақди никоҳ аз ҷониби мири пойтахт дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;
Соати 10:00 – баргузории пойгаи аспдавонӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (воридшавӣ тавассути чиптаҳо);
Соати 10:00 то 11:30 баргузории чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ноҳиявӣ дар Боғи Дӯстии Халқҳо (ноҳияи Фирдавсӣ), Боғи Ирам (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), Кӯли ҷавонон (ноҳияи Сино), майдони 800-солагии Москва бо дарназардошти пешниҳоди 50% пардохти ҳамагуна хизматрасонии қаҳвахонаи «Москва» барои мизоҷон (ноҳияи Шоҳмансур);
Соати 18:00 то 21:00 – гӯштии миллӣ дар варзишгоҳи Марказии шаҳри Душанбе (воридшавӣ озод);
Соати 20:00 -баргузории барномаи фарҳангии сатҳи шаҳрӣ ба ифтихори 15-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»;
Дар ин зимн муқаррар сохт, ки 27 июни соли 2012 дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе сайругашти оммавии сокинон ташкил карда шуда, барои хизматрасонии онҳо бо пешниҳоди маҷмӯи муҳимот фаъолияти боғҳо аз соати 8:00 то 23:00 роҳандозӣ мешавад.
Ҳамзамон директори навтаъини КВД «Маркази Дӯстӣ- Интернет- кафе» (Боулдер-Душанбе) Олим Маҳкамов муваззаф гардид, ки видеоконфронсҳои муҳассилини шаҳри Душанбе, ки дар донишкадаҳои олии хориҷ аз марзи ИДМ таҳсил менамоянд, бо волидон ва ҳамтоёнашон аз пойтахт тариқи ройгон аз соати 8:00 то 23:00 доир намояд.
Инчунин дар ҷаласа тибқи дастури шаҳрдор ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ аксияи чиптаҳои воридшавӣ ба маблағи 1 сомонӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» то 27 июни соли 2012 тамдид карда шуд.
Барои омодагиҳо ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҳайати коргардонон тасдиқ карда шуд, ки тибқи он дар тарҳрезии чорабинии сатҳи шаҳрӣ - коргардон Набӣ Ҷалолов ва коргардонони театри «Оина» мутаносибан дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ-Убайдулло Раҷабов, Сино-Абӯалӣ Муродов, Шоҳмансур- Иззатулло Самадов ва Фирдавсӣ – Шаҳзод Раҷабов вобаста гардиданд.
Бо тасдиқи тақвими баргузории чорабиниҳои мазкур роҳбарияти шаҳр аз кулли сокинони пойтахт ва меҳмонони он даъват ба миён овард, ки зимни иштирок дар ин маъракаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ, одоби ҳамида, фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ муносибат намоянд.
Дар ин бора ба Озодагон Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Мӯҳр