Дар Тоҷикистон як тонна арматураи истеҳсоли ватанӣ 550 доллари амрикоӣ нарх дорад. Ин дар ҳолест, ки арзиши як тонна арматураи истеҳсоли Русия дар бозори масолеҳи сохтмони кишвар 1100 доллари амрикоӣ аст.
Тоҷирон қимматии арматураи русиро ба зиёд будани ҳаққи интиқол ва пардохтҳои гумрукӣ рабт медиҳанд. Харидорон мегӯянд дар баробари арзиши зиёд доштан, сифати арматураи русӣ нисбат ба тоҷикӣ ба маротиб хубтар аст.
Бо вуҷуди нархи арзон, харидорон аз арматураи тоҷикӣ шикоят доранд. Назармамад Назаров, яке аз харидорон мегӯяд фиреб дар бозори арматураи тоҷикӣ зиёд аст:
«Ҳатто дар корхонаҳои истеҳсоли арматураи Душанбе ҳам қутри маҳсулоташонро дуруғ нишон медиҳанд. Меъёрҳо тамоман риоя намешаванд. Диаметраш 12, 14, 16, 18 ва ғайра гуфта мефурӯшанд. Аммо вақте ташхис мекунем, ғафсии арматура 2 мм камтар аст».
Аз Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар сохтмони биноҳои бисёрошёна, махсусан пойгоҳҳои асосӣ арматураи русии аз ташхисгузашта истифода мекунанд. Арматураи тоҷикӣ барои пойгоҳҳои асосӣ номӯътамад арзёбӣ мегардад.
Мӯҳр