Бахшҳо

Занги камолот садо дод, замони омодагӣ ба имтиҳонҳо расид

Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон Занги камолот садо дод.

Тавре ба Озодагон аз вазорати маориф хабард доданд, тибқи муқарарроти муайяншуда дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ чорабинии «Занги камолот» аз соати 800 то 845 сурат гирифт. Ташкили чорабиниҳои иловагӣ, ҷамъомаду тӯҳфасупорӣ ва сайругашту шабнишиниҳо ҳангоми гузаронидани чорабинии «Занги камолот» манъ карда шудааст.

Тибқи фармоиши вазири маорифи  Тоҷикистон аз 12 марти соли 2012 «Оид ба анҷоми соли хониши 2011-2012, аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон» аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронии синфҳои 4 аз 1 то 6-уми июн, синфҳои 5-8 ва 10 (11)-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 26 то 31-уми май ва барои синфҳои 10 (11), ки аз рӯи равия ва равияҳои соҳавӣ кор мекунанд, аз 26-уми май то 4-уми июн аз рӯи маводҳои тасдиқкардаи раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи  Тоҷикистон (барои муассисаҳои таълимии шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, ба роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки зиёда аз 5 синфи баробар (параллелӣ) доранд, иҷозат дода мешавад, ки мӯҳлати гузаронидани аттестатсияҳои аз синф ба синфгузарониро тибқи қарори шӯрои педагогӣ бо назардошти шумораи синфҳо то 5 рӯз тамдид намоянд.
Дар синфҳои 9-и ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аттестатсияи давлатии хатм аз 26 май то 9 июни соли 2012 гузаронида мешавад. Аттестатсияи давлатии хаттии хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои "Алгебра" (хаттӣ) 28-уми май, "Забони модарӣ" (нақли хаттӣ) 2-юми июн, "Забони давлатӣ" (нақли хаттӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ, "Забони русӣ" (нақли хаттӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ 6-уми июн аз рӯи маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар синфҳои 11 (12)-и ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, аттестатсияи давлатии хатм аз 26-умимай то 16-уми июни соли 2012 гузаронида мешавад. Аттестатсияи давлатии хаттии хатми синфҳои 11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои "Адабиёт" (иншо) 30-юми май, "Алгебра" (хаттӣ) 04-уми июн, "Забони давлатӣ" (нақли хаттӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ, "Забони русӣ" (нақли хаттӣ) барои синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, "Забони хориҷӣ" (диктант), "Химия" ва "Технологияи информатсионӣ" (хаттӣ) 12-уми июни соли 2012 аз рӯи маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)