Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:17

Тоҷикистон аз қимматшавии тилло дар бозори ҷаҳонӣ фоида мебинад

25 май 2012, 12:32

Имрӯз нархи як унсий тилло, ки муодили 31,1 грам аст дар бозори ҷаҳонӣ ба 1 ҳазору 563 доллар баробар шудаст, ки дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ наздики 100 доллар ва тирамоҳи соли гузашта 250 доллар арзонтар мебошад. Тирамоҳи соли гузашта нархи як унсий тилло дар ҷаҳон ба нишондоди рекордӣ расида, аз ҳадди 1900 доллар гузашта буд.

Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳор медоранд, ки нархи тилло чи қадар дар бозори ҷаҳонӣ қимматтар бошад, ҳамон қадар ба фоидаи иқтисодиёти кишвар аст.
Соли гузашта истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон аз дурнамои эълонкардаи Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар ҳудуди 550 киллограм камтар шуда, ҳамагӣ 2 тоннаю 241 киллограмро ташкил додааст.
Бо вуҷуди ин, масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ин нишондодро дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли тилло дар соли 2010-ум наздики 135 киллограм бештар арзёбӣ мекунанд.

Худи Гул Шералӣ дар робита ба истеҳсоли тилло мегӯяд, имкон дошт нишондоди он бештар гардад, агар Вазорати молия дар корхонаи зертобеаш «Тиллои тоҷик» корро беҳтар пеш бурда, нақшаро иҷро мекард. Ба гуфтаи вазири энергетика ва саноат тибқи нақша дар корхонаи «Тиллои тоҷик» бояд 500 киллограм тилло истеҳсол мешуд.  Аммо дар паи ташкили заифи кор ҳамагӣ 319 киллограм истеҳсол шудааст.
Имсол масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дурнамои тавлиди тиллоро дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 тонна арзёбӣ мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!