Имрӯз, соати соати 10:00дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Вижагиҳои ташаккули фарҳанги муошират ва сухангӯйии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз забони русӣ» оғоз ба кор мекунад.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати маориф, яке аз ташкилкунандаи аслии конфронс хабар доданд, мақсади асосии баргузории ҳамоиш такмили омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, ташаккули дузабонии миллӣ ва русӣ, мусоидат ба робитаҳои забонҳо ва тамаддунҳо, дарёфти роҳу усули самараноки баланд бардоштани фарҳанги сухангӯӣ, дурнамои фаъолият дар самти инкишофи малакаҳои муоширати муҳассилин мебошад.
Ҳамзамон тибқи иттилои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон «Зимни баргузории конфронс роҳу усулҳои инноватсионии таълими забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон мавриди баҳс қарор мегирад. Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои робитаи забон ва фарҳанг дар ташаккули одоби муошират ва сухангӯйии муҳассилин, омӯзиши муқоисавии забонҳо ҳамчун заминаи лингвистии таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ, ташаккули ҳавасмандгардонии муҳассилин ба омӯзиши забони русӣ чун воситаи муоширати байналмилалӣ муҳокима мешавад.
Дар кори конференсия иштироки олимону муҳаққиқони шинохта, омӯзгорону мутахассисони варзидаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистону хориҷи кишвар дар назар аст.
Мӯҳр