Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:54

Коркарди пӯст дар Тоҷикистон дар ду сол зиёда 200 маротиба зиёд шудаст

26 май 2012, 03:15

Дар Тоҷикистон таи чор моҳи аввали соли ҷорӣ 261 ҳазору 800 дона пӯст коркард шудаст. Ин нишондод дар семоҳаи аввали соли 2010 ҳамагӣ 735 донаро ташкил додаст.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли гузашта дар кишвар 109 ҳазор дона пӯст коркард шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2010, 148 маротиба зиёд буд. Ба иттилои манбаъ дар семоҳаи аввали соли 2010 ҳамагӣ 735 дона пӯст коркард шуда, ба маблағи 1 миллиону 89 ҳазор доллари ИМА пӯст бекоркард ба хориҷа фурӯхта шуд. Дар се моҳи аввали соли 2011 содироти бекоркарди пӯст наздики 60 фоиз кам шуд.
Акнун беш аз як сол аст, ки ҳукумат бо қарори махсус содироти ашёи хоми чорво - пашму пустро дар шакли хом манъ кардаст.

Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳор медоранд, ки қарори мазкур барои рушди соҳаи коркарди пашму пуст такони бузург додаст. Ба иттилои манбаъ айни ҳол дар кишвар ҳудуди 8 корхонаи коркарди пашму пӯст фаъолият карда, фаъолсозии чандтои дигар дар назар аст.

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи коркарди пашму пӯст ва тавлиди маҳсулоти тайёр аз онҳо, масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон зарур медонанд, ки манъи содироти ашёи хоми чорво то замони дохилшавии кишварамон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо дароз шавад. Ба иттилои манбаъ, аллакай Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон пешниҳоди дахлдорро ба ҳукумат ирсол карда, айни ҳол он мавриди баррасӣ қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!