Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:45

Тақсими фоида аз саҳмияҳои Роғун моҳи оянда баррасӣ мешавад

26 май 2012, 04:12

Пули саҳмияҳои «Роғун», ки ҳанӯз моҳи августи соли 2010 дар бонкҳои тиҷоратии кишвар гузошта шуда буданд, то ба ҳол наздики 30 миллион сомонӣ суд овардаанд.

Ба иттилои манбаъ аз Вазорати молияи Тоҷикистон тақдири ин маблағҳоро маҷлиси умумии саҳҳомони ҶСК «НБО  Роғун», ки дар назар аст, моҳи оянда баргузор гардад, ҳал хоҳад кард.
Тибқи банди 61-и Оинномаи ҶСК «НБО Роғун», масъаллаи эълону пардохти суди саҳмияҳо бояд ҳатман ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмдорон ворид шавад. Дар баробари ин дар назар аст, ки дар ҷаласаи дуюми умумии саҳҳомони Роғун вазъи молиявии ширкат, ҳаҷми хароҷот дар соли 2011 баррасӣ гардад. Каблан Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон изҳор дошта буд, ки қарор дар бораи пардохти суди солонаи саҳмияҳо, андозаи суд аз рӯи ҳар як намуди саҳмия аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад.
Таҳлилгарон бар онанд, ки суди аз пули саҳмияҳои «Роғун» ҳам ба корҳои барқарорсозӣ равона хоҳад шуд.

Қаблан масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон теъдоди саҳҳомони оддии ҶСК «НБО Роғун»-ро ҳудуди 2 миллион гуфта буданд. Теъдоди соҳибони саҳмияҳои номӣ-  саҳомоне, ки бо маблағи зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаанд, 22 ҳазор нафар арзёбӣ мешуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!