Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:34

Нақшаи ихтисори кормандони давлатӣ тасдиқ шуд

26 май 2012, 05:13

Гурӯҳи корӣ оид ба ихтисори кормандони мақомоти давлатӣ, ки ҳайати онро Матлубхон Давлатов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон 15-уми май тасдиқ кардаст, дирӯз якумин ҷаласаи худро дар Вазорати молияи Тоҷикистон баргузор намуд.

Тавре аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз фаъолияти гурӯҳи корӣ иҷрои қисми 7-и маҷмӯи вазифаҳо мебошад, ки аз паёми президенти Тоҷикистон бармеояд.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон роҳбари гӯруҳи корӣ оид ба ихтисори кормандони давлатӣ ба ҳайати гурӯҳ нақшаи корро пешниҳод намуд, ки бо як овоз тасдиқ ёфт. Вазири молия аъзоёни гурӯҳи кориро ба фаврию саривақт ва сифатнок иҷро намудани чораҳои ба нақшагирифташуда даъват намуд.
Намояндагони бахши хусусӣ мегӯянд, аз ҳисоби ихтисори кормандону сохторҳои давлатӣ имкон дорад дар Тоҷикистон ҳар моҳ 120 миллион сомонии буҷаи давлатӣ сарфа шавад.
Ба ҳисоби таҳлилгарони бахши хусусӣ дар паи ихтисор дар ниҳодҳои давлатӣ солона дар буҷаи ҳудуди як миллиарду 440 миллион сомонӣ сарфа мешавад, ки ба давлат имкон медиҳад ӯҳдадориҳои иҷтимоиашро дар назди мардум дар сатҳу сифати баландтар амалӣ намояд. Имкон мешавад, ки маоши кормандони баландихтисоси давлатӣ то 4 маротиба баланд бардошта шавад.
Дар ин робита президенти Тоҷикистон ахиран супориш дод, ки дар кишвар дар ниҳодҳои давлатӣ ҳудуди 15 фоиз ихтисор шаванд ва аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда, маоши мардум баландтар шавад. Аз ҷумла супориш шуд, ки сар аз моҳи сентябр маоши ҳадди ақал дар кишвар 2,5 маротиба баланд шуда, аз 80 ба 200 сомонӣ баробар гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!