Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:33

Рушди иқтисодии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистонро ба барасӣ гирифтанд

26 май 2012, 05:21

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мизи мудаввар ҷиҳати ривоҷи робитаҳо бо Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) баргузор гардид.

Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар ин нишаст, асосан масъалаҳои рушди иқтисодии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва шартҳои вижа ва маблағгузории рушди бахши хусусӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷониби Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, намояндагони вазорату идораҳои марбута ва аз ҷониби ҷумҳурии федеролии Олмон ҳайати Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ таҳти роҳбарии хонум Каринна Кузел дар ҳамоиши мазкур ширкат варзиданд.

Манбаъ иттилоъ дод, ки миёни Тоҷикистону Олмон ҳамкориҳои техникиву молиявӣ дар самтҳои гуногун, аз қабили мусоидат ба корхонаҳои хурду миёна, дастгирии соҳаи маблағгузории хурд дар минтақаҳои деҳот, барномаи мусоидати ба танзимдарории ислоҳот дар системаи маълумоти касбӣ ва ғайра вуҷуд дорад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Олмон аз моҳи декабри соли 1992 ба роҳ монда шуда, гардиши мол миёни ин ду кишвар, танҳо дар соли 2009 ҳудуди беш аз 25 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон-энергетика, маориф, тандуруст, саноат ва туризм ба ҳисоб меравад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!