Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:17

Дар панҷ моҳ садамаҳои нақлиётӣ ҷони 123 нафарро гирифтаанд

26 май 2012, 05:45

Тибқи иттилои РБДА рӯзи гузашта тахминан соати 18:40 сарнишини воситаи нақлиёти тамғаи «Хова» Абдулмаҷид Сафолови 51 сола аснои ҳаракат ба роҳи мошингарди Душанбе-Ҷиргатол-Сари-тош, дар километри 267 идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, онро чаппа мекунад. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Манбаъ илова намуд, ки аз авали соли ҷорӣ то имрӯз дар ҷумҳурӣ 407 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 123 нафар ба ҳалокат расида, 439 тани дигар захм бардоштааст. Ҳамин давраи соли гузашта дар ҷумҳурӣ 440 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 149 нафар ҳалок ва 484 тани дигар ҷароҳат гирифтанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!