Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

Дар роҳи Душанбе – сарҳади Ӯзбакистон имсол 68 миллион сарф шудаст

28 май 2012, 06:25

Тибқи иттилои оморӣ дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар сохтмону барқарорсозии роҳи Душанбе – сарҳади Ӯзбакистон 67 миллиону 600  ҳазор сомонӣ сарф шудаст, ки ғайриқаноатбахш арзёбӣ мегардад.


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта, зимни сафараш ба ноҳияи Ҳисор аз суръати корҳо дар ин роҳ изҳори нигаронӣ намуд. Сарвари давлат таъкид кард, ки бо вуҷуди равона шудани 138 адад техника ва 500 нафар роҳсозон, ки 70 фоизашон маҳаллӣ мебошанд, суръати кор дар сатҳи зарурӣ ҷараён надорад.
Арзиши сохтмони роҳи Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбакистон 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки то ҳанӯз 27 миллионаш дарёфт нашудааст.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон барои сохтмони ин роҳ Бонки осиёии рушд 120 миллион доллар грант ҷудо карда, саҳми ҳукумат дар ин лоиҳа 37 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати дарёфти 27 миллион доллари боқимонда, масъулини Вазорати молия изҳор медоранд, ки айни ҳол бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд гуфтушунид доранд. Ба иттилои манбаъ гуфтушунидҳо тақрибан ба анҷом расида, ояндаи наздик созишномаи қарзӣ барои дарёфти маблағи зарурӣ ба имзо хоҳад расид.
Роҳи Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбакистон аввалин роҳи дараҷаи якум дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки барқарору азнавсозии ҳудуди 65 киллометр роҳро дар бар мегирад. Роҳ то шаҳри Турсунзода бо паҳноии 25 метр чорхатта сохта шуда, аз Турсунзода то сарҳади Ӯзбекистон бо паҳноии 15 метр, духатта хоҳад буд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!