Ҳамзаалӣ Хидиров, як сайёди тоҷик, ки низомиёни узбак ӯро 23-юми декабри соли 2011 аз маҳалли зисташ - деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт дастгир карда ва ба қаламрави Узбакистон бурда буданд, шаш сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Иқбол Нуриддинов, яке аз пайвандони Ҳамзаалӣ ба хабарнигори маҳаллии Озодагон гуфт, ки онҳо аз тариқи барқияе аз баррасии додгоҳии Ҳамзаалӣ дар кишвари ҳамсоя огоҳ шудаанд. Ба қавли номбурда барқияро суди ноҳияи Попи вилояти Намангон фиристодааст. Ҷаноби Нуриддинов афзуд, хеши онҳоро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии сарҳад муҷрим шинохтаанд.
Тибқи иттилои расида, 23-юми декабри соли гузашта гурӯҳи низомиёни узбак ба манзили Хидиров ворид шуда, ӯро дастгир мекунанд. Ҳамчунин хонаи ӯро мавриди кофтуков қарор дода, як силоҳи шикориро бо худ мебаранд.
Дар мавриди ҳукми додгоҳ алъон мақомоти тоҷик вокунише нишон надодаанд.
Мӯҳр