Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:40

Вакилон раванди дохилшавии Тоҷикистон ба СУС-ро тақвият бахшиданд

28 май 2012, 10:52

Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров сурат гирифт, лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»-ро барасӣ намуданд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагон ба Озодагон хабар дод, ки зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи қонун таъкид шуд, ки лоиҳаи мазкур барои тақвият бахшидани раванди дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия ва пешниҳод гардидаааст. Мақсади асосии он ҳифзи соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва субъектҳои алоҳида аз таъсири манфии рақобати хориҷӣ, таъмини шароит ҷиҳати воридшавии самараноки Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳон мебошад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки таъмини баланси пардохти савдои хориҷии Тоҷикистон бо роҳи танзими воридоти молҳо ва хизматрасониҳо, танзими содироти молҳои алоҳида бо мақсади қаноатманд намудани талаботи бозори дохилии  Тоҷикистон дар ҳолати камчинии чунин молҳо аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!