Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:15

Ҳар 10-умин муҳоҷири тоҷик имсол зан будаст

29 май 2012, 04:40

Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз 314 ҳазору 743 муҳоҷир, ки аз 1-уми январ то аввали моҳӣ ҷорӣ аз кишвар берун рафтаанд, ҳар даҳуминаш зан будааст.

Манбаъ теъдоди умумии занони тоҷикро, ки дар моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ ба муҳоҷират рафтаанд, 31 ҳазору 30 нафар арзёбӣ мекунад. Аз ҷумла 16 ҳазору 30 нафари занон аз Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, 10 ҳазору 850 нафарашон аз вилояти Суғд, як ҳазору 892 нафар аз вилояти Хатлон, 184 нафар аз вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва 2 ҳазору 74 нафар аз шаҳри Турсунзода ба муҳоҷират раҳсипор шудаанд.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии  муҳоҷират миёни муҳоҷирони тоҷики дар Русия қарордошта, 15,4 фоизашонро занон ташкил медиҳанд.
Масъулини Созмон таъкид мекунанд, ки бо назардошти афзоиши  занони муҳоҷир, 30 фоизи барномаҳое, ки ба омӯзондан ва такмили ихтисоси муҳоҷирон  рабт доранд, ба омӯзандани занон равона хоҳанд шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!