Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 25 март 2017, 22:31

Яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзии кишвар тағйир наёфтааст

29 май 2012, 05:29

Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, меъёри бозтамвил яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба шумор рафта, аз  24-уми феврали соли равон то имрӯз бетағйир боқӣ мондааст.

Тавре аз бонки мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, айни замон меъёри бозтамвил 8,0 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Намояндагони бонки миллӣ иброз медоранд, ки меъёри бозтамвил яке аз нишондиҳандаҳои муҳими иқтисоди буда, дар рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд: «Нишондиҳандаи дигари муҳими иқтисодӣ - сатҳи таваррум аст, ки мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар чор моҳи аввали соли равон 1,9 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир бошад, он 5,1 фоизро ташкил намудааст»,-афзуд манбаъ.












Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!