Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт зимни як амалиёт Хуршед Ғуломови 31 сола, директори ҶДММ «Эталонкомиленб»-ро дастгир карданд.
Маҳмадулло Асадуллоев, роҳбари дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Озодагон хабар дод, ки боздоштшуда сокини шаҳри Қурғонтеппа, кӯчаи Нориков буда, рӯзи 6-уми июни соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Мухтор Яқубови 46 сола, сокини кӯчаи Фархор медарояд. Бо баҳонаи аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон бо нархи арзон ворид кардани гази моеъ аз ӯ 83 175 сомонӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст.
Айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр