Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:53

Боздошти як полковник бо ҷурми ришваситонӣ

3 июн 2011, 10:32

Бино ба иттилои ВКД як полковник дар Душанбе бо ҷурми порагирӣ дастгир шудааст.

Дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки  фарди боздоштшуда мудири кафедраи ҳарбии Донишгоҳи варзиши Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов будааст.Манбаъ меафзояд, зимнан аснои баргузории як амалиёти вижа аз сӯи кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии вазорат, полковник Сафархон Ғаффуров ҳангоми гирифтани маблағи 150 доллари амрикоӣ аз як донишҷӯ ба даст афтодааст. Ғафуров ба ивази ришва ба донишҷӯ ваъда кардааст, ки ба ӯ рутбаи афсарӣ медиҳад.Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишоти қаблӣ идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!