Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:37

Убайдуллоев корхонаҳои арматурабарориро аз Душанбе берун мекунад?

29 май 2012, 06:52

Ҷиҳати ба эътидол овардани ифлосшавии ҳавои атмосфераи шаҳри Душанбе, Раёсати ҳифзи муҳити зист ба раиси пойтахт пешниҳод намудаст, ки баъзе аз корхонаҳое, ки дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиранд, ба минтақаҳои саноатии берун аз Душанбе кӯчонда шаванд.

Аммо дар ҳоли ҳозир зарари экологии ин корхонаҳо, ки шумораашон дар шаҳр 13 адад аст, бузург баҳогузорӣ мешавад. Масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе бо такя ба таҳлилҳояшон изҳор медоранд, ки дар айни ҳол барои гудозиши оҳанпораҳое, ки дар пойтахт пайдо мешаванд, 4 корхона басанда асту халос. Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи масъулини раёсат таъминоти корхонаҳои истеҳсоли арматура бо оҳанпораҳо аз ҳисоби воридот аз ноҳияҳои гирду атрофи шаҳр сурат гирифта истодааст. Ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳо дар шаҳри Душанбе танҳо ба хотири муътадилии интиқол барқ мебошад.
Ба гуфтаи намояндагони раёсат, ҳамаи корхонаҳои истеҳсоли арматура дар Душанбе, ки аксаран ба чиниҳо тааллуқ доранд, ба талаботи муқаррарии экологӣ ҷавогӯй нестанд.
Дар баробари ин масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе таъкид мекунанд, ки бисёри корхонаҳо иҷозати партовҳо ба ҳавои атмосфериро танҳо барои як басти корӣ доранд: «Аммо ҳамаи корхонаҳое, ки ба коркарди металҳои сиёҳу ранга машғуланд, дар пойтахт дар ду баст фаъолият доранд, ки арзу шикоятҳои шаҳрвандонро дар вақти шабона ҳам зиёд кардаст».





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!