Дар қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан озмуни «Атласи тоҷик-2012» баргузор гардид.
Дар озмун 5 коргоҳи дӯзандагии шаҳр, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 14 ва дӯзандаҳои инфиродӣ иштирок намуданд. Дар озмун 193 либос аз рӯи чор намуд, аз ҷумла бачагона, рӯзмарра, идона ва қадимаи арӯсӣ ба намоиш гузошта шуд.
Ҷои аввал насиби коргоҳи дӯзандагии ба номи «Дилбар» шуд. Мақоми дуюмро омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ соҳиб шуданд. Коргоҳи дӯзандагии бо номи «Саман» ҷойи сеюмро сазовор шуд. Шоҳҷоиза бошад, насиби Фарзона Файзиева, таҳти рақами 138 аз гурӯҳи дӯзандагони омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 14 гардид.
Иштирокчиёни озмуни «Атласи тоҷик-2012» бо тӯҳфаҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд. Дар чорабинӣ зиёда аз 800 тамошобин иштирок кард. Баргузории озмуни «Атлас-2012» дар дигар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад.
Мӯҳр