Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:54

Шимоли кишвар чорабинии идона созмон доданист. Барои кӯдакон

29 май 2012, 10:52

Ба муносибати Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон- якум июн тибқи қарори раиси вилояти Суғд дар Боғи фароғатӣ-истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона таҳти увони «Кӯдакон -сарвати бебаҳоянд» баргузор мегардад.

Аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар давраи тобистони соли равон аз миқёси вилоят 106,9 ҳазор кӯдаку наврас ба чорабиниҳои солимгардонӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Ҳоло дар 13 мактаб-интернат, аз ҷумла дар 4 мактаб-интернат барои бачагони имконияташон маҳдуд, 3 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат, 5 интернати наздимактабӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат ва дар хонаи бачагон 1254 кӯдак фаро гирифта шуда, барои таълиму тарбия ва муолиҷаи онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамчунин дар 56 литсею гимназия 25,6 ҳазор нафар хонандагони болаёқат таҳсил менамоянд ва дар 200 кӯдакистони вилоят 27,8 ҳазор кӯдак таълим мегиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!