Лоиҳаҳои таҷдиду тармими фурудгоҳҳо ва роҳҳои автомобилгард мавриди барасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати нақлиёт хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин масъала зимни вохӯрии Судхе Сен Гупта, машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ ва муовини менеҷери лоиҳаи BEE-и Корпоратсия байналмилалии молиявӣ бо Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон матраҳ шудааст. Сарчашмаи хабар гуфт, мулоқоти ҷонибҳо дар доираи роҳҳои амалисозии тарҳҳои «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ» сурат пазируфт. Зимни дидор Ҷумъахон Зуҳуров қайд намуд, ки Вазорати нақлиёт барои рушди чунин ҳамкориҳо дар инфрасохтори нақлиётӣ омода мебошад. «Лоиҳаҳои таҷдиду тармими фурудгоҳҳо ва роҳҳои автомобилгард имрӯз ниёз ба иштироки васеи бахши хусусӣ дорад»,-афзуд муовини вазир.
Судхе Сен Гупта дар навбати худ омодагияшро оид ба пешниҳод намудани дастурҳо ҷиҳати тавсеаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди фурудгоҳҳои маҳаллӣ изҳор намуд.
Мӯҳр