Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 17:15

Нахустин иқдоми рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар ҷануби кишвар баррасӣ мешавад

29 май 2012, 13:01

31-уми май бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва барномаҳои «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкории Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва ташкилоти олмонии CARITAS дар шаҳри Қӯрғонтеппа мизи мудаввар дар мавзӯи «Иқдоми аввалини рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар вилояти Хатлон: проблемаҳо ва дурнамо» баргузор мегардад.

Ҳадаф аз чорабинии мазкур баланд кардани огоҳии секторҳои давлативу ғайридавлатӣ ва академӣ оид ба масоили инклюзивӣ ва нақши ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ дар пешбурди сиёсати таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир) мебошад.
Дар ҷараёни мизи мудаввар имкониятҳои воқеии рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар вилояти Хатлон, таъмини дастрасӣ ба муассисаҳои таҳсилотӣ, хизматрасонии  ҷамъиятӣ, дастрасии психологиву тиббӣ ва педагогӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд тавассути омода кардани муаллимону мутахассисон, таҳияи базаи методӣ ва афзун кардани огоҳии аҳолӣ дар ин масъала баррасӣ мешаванд.
Ба мизи мудаввар 40 нафар намояндаҳои мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ, шӯъбаҳои ноҳиявии маориф ва идораи маорифи вилояти Хатлон, донишгоҳҳои давлатии Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, маркази захиравии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва шӯрои коршиносони департаменти таҳсилоти ИҶК-БМТ  даъват шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!