Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:36

Маҳмадамин Маҳмадаминов: «Натиҷаҳо барои фаро гирифтани аҳолӣ ба касб кофӣ нест»

30 май 2012, 07:24

Дар маҷмӯъ 44 ҳазору 158 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли гузашта ба таёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномагирии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шудаанд.

Ин нуктаро Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни ҳисоботаш дар  маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иброз дошт.
Вазир илова намуд, ки аз ҷумла тавассути роҳхатҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълими касбии системаи агентии шуғли аҳолӣ 10 603 нафар ва ба роҳи худмаблағгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ 20 554 нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуда, малакаҳои касбии 10 842 нафар шаҳрвандон ва  муҳоҷирони меҳнатӣ  бо шаҳодатнома тасдиқ карда шуданд.
Ҳамчунин давоми соли 2011 дар 28 муассисаҳои таълими касбии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тибқи барнома 10 603 нафар бекорон аз рӯи 40 номгӯи ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2010-ум 1 462 нафар зиёд буда 120,1 фоизро аз иҷрои нақша ташкил медиҳад. Аз теъдоди ба касбомӯзӣ фаро гирифташудагон дар муасисаҳои таълими касбии системаи агентӣ занону духтарон 7244 нафар ва ҷавонон 7464 нафарро ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи вазир наздик ба 34,0 фоизи касбомӯзон ба ихтисоси дӯзандагӣ, 17,2 фоиз ба ихтисоси асосҳои омӯзиши компютерӣ, 8,6 фоиз кафшергари газию барқӣ, 2,5 фоиз барқчӣ, 7,9 фоиз хизматрасонӣ ба аҳолӣ, 3,7 фоиз сохтмончӣ ва 3,9 фоиз ба омӯзиши касби қаннодӣ ҷалб шудаанд.  
Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ин ҷаласа қайд намуд, ки  соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои дар барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинишуда маҷмӯан 2 миллиону 978 ҳазору 715 сомонӣ барои ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ сарф шуд, ки аз ин маблағ 1 миллиону 267 ҳазору 360 сомониашро стипендияи касбомӯзон ташкил медиҳад.
Дар нишсати мазкур таъкид гардид, ки новобаста аз ин, дурнамои талабот ба таълими касбӣ нишон медиҳад, ки заминаи мавҷудаи муассисаҳои таълими касбии системаи Вазорати меҳнат барои ҳар чи бештар ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ кофӣ нест. Дар ҷараёни маҷлиси навбатии ҳукуматӣ ҷалби ҳар чи бештари шаҳрвандон ба тайёрии касбӣ дар муассисаҳои таълими касбии калонсолони Тоҷикистон зарур дониста шуд, ки омӯзиши касбу ихтисосҳои нав, аз қабили кандакорӣ, заргарӣ, мураббия-парастор ва дигар касбҳо бояд ба роҳ монда шавад.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!