Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:33

Убайдуллоев бо мири шаҳри Маскав мулоқот кард

4 июн 2011, 04:46

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати анҷоми як боздиди дӯстона дар шаҳри Маскав қарор дорад.

Бино ба қавли Шафкат Саидов мири пойтахти Русия ҳанӯз 23-юми майи соли равон аз Убайдуллоев даъват карда буд, ки ба Маскав ташриф биёрад.

Зимнан, ҷаноби Саидов дар сӯҳбат бо «Озодагон» гуфт, дар доираи ин сафар Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбари департаменти шаҳри Маскав оид ба иқтисоди беруна ва робитаҳои байналмилалӣ Сергей Черёмин мулоқот анҷом дода, масоили ҳамкориҳоро дар соҳаи инноватсия мавриди баррасӣ қарор дод. Ба ҷузъ ин, Убайдуллоев бо раиси кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Маскав, сармеъмори шаҳри Маскав, Александр Кузмин вохӯрда, дар робита ба ҷалби потенсиали меъморони шаҳри Маскав оид ба тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва тарҳрезии лоиҳаҳои муосири меъморӣ табодули назар намуда.

Ҳамзамон, баъд аз зӯҳри дирӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамтои худ - Сергей Собянин мулоқоти дӯстона ва самимӣ анҷом дода, бо изҳори қаноатмандӣ аз даъват ва пазироӣ масаълаҳои дар сатҳи нав тақвиятбахшии робитаҳои мавҷуда дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарию инноватсионӣ миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳукумати шаҳри Маскавро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, боздиди мири шаҳри Душанбе аз пойтахти Русия имрӯз ба поён мерасад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!