Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:35

Шӯрои ВАО дар Хатлон ҳамоиши омӯзишӣ доир кард

30 май 2012, 12:05

Дар идораи раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия, воситаҳои ахбори  оммаи вилоят ва Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ ҳамоиши омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши Шӯрои ВАО дар татбитқӣ меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» доир гардид.

Сардори раёсати телевизион ва радиои вилоят, муовини раиси иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ Ҳамроҳ Салимов изҳор дошт, ки фаъолияти сесолаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон собит намуд, ки механизми худтанзимкунӣ фаъолона амал мекунад ва бобати риояи меъёрҳои ахлоқӣ талошҳои назаррасе ба чашм мерасанд.

Аъзои Шӯро Мухтор Боқизода ва Иноят Иноятов роҷеъ ба тартиби муроҷиат ба Шӯро, баррасии муроҷиат дар Шӯро ва қабули қарор оид ба шикояти шахсони воқеиву ҳуқуқи роҷеъ ба ин ё он нигошта дар воситаҳои ахбор иттилои муфассале пешниҳод намуданд. Зимни суолу ҷавоб иштирокчиёни ҳамоиш ба суолҳои худ вобаста ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҷудо будани фаъолияти тиҷоративу реклама аз фаъолияти эҷодӣ, ҳодисаҳои асардуздӣ дар ВАО ва тартиби муроҷиат ҳангоми вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ посух гирифтанд.

Тавре Раиси Шӯрои ВАО Зинатулло Исмоилов иброз дошт, ин аввалин ҳамоиши омӯзишиест, ки силсилаи чорабиниҳои имсолаи Шӯроро оғоз мебахшад. Дар назар аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ, Панҷакент ва Исфара, ноҳияҳои Шаҳритӯсу Рашт 10 чорабинӣ бо ширкати намояндагони мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия, суд, прокуратура, адлия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гарданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!