Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:50

Академик Трофимов сиёсати гидроэнергетикии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард

30 май 2012, 12:09

Дар  Тоҷикистон 65%-и захираҳои гидроэнергетикии минтақа тавлид мегарданд ва ҷумҳурӣ танҳо 5 % онҳоро истифода мекунад ва дар баробари ин дар роҳи рушди энергетикӣ ба фишори ҳамсояҳо дучор меояд.

Ин нуқтаро президенти Иттифоқи энергетикҳои Қазоқистон, академик Трофимов Г. Г зимни баромадаш дар як ҳамоиш, ки дар шаҳри Алмаатои  Қазоқистон баргузор гардид, иброз дошт.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, бо даъвати Комиссияи Аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид машварати коршиносони миллии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз рўи лоиҳаи «Самаранокии васеи энергетикӣ-21» дар Қазоқистон баргузор гардид, ки зимни он Трофимов дар маърўзаи худ вазъи энергетикии минтақаи Осиёи Марказиро таҳлил намуд. Номбурда қайд кардааст, ки бо вуҷуди он, ки  Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти энергетикии худ барои сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ, бунёди зиёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додани беш аз 2200 батареяҳои барқи офтобӣ, азхудкунӣ ва коркарди майдонҳои зиёди ояндадори ангишт, гази табиӣ ва нафт иқдомоти ҷиддиро пеш гирифтааст, аммо ҳанӯз барои расидан ба натиҷаи ниҳоӣ дар ин самт комёб нагардидааст.
Манбаъ гуфт, академик Трофимов аз ҷумҳуриҳои минтақа ҷиҳати вусъати муносибатҳои мутақобилан судманд ва истиқбол намудан аз сиёсати пешгирифтаи энергетикии Тоҷикистон даъват ба миён оварда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ин сиёсатро мувофиқи мақсад арзёбӣ кард. Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш коршиносон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон иштирок намудаанд. Аз Тоҷикистон сардори Раёсати рушди илм, техника ва технологияи вазорати энеркетика ва саноат Олимбеков Қ. иштирок намудааст. Ин масъули вазорати энергетика ва саноат дар нишасти мазкур оид ба сиёсати  Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба самарабахшӣ, таъмин намудани амнияти энергетикӣ дар мамлакат, тадбирҳои амалишуда, проблемаҳои мавҷуда ва нақшаҳои оянда баромад намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!