Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

Тоҷирони тоҷик ришваро аз пардохтҳои қонунӣ фарқ намекунанд

30 май 2012, 12:50

Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи мушовирони касбии Тоҷикистон» дар натиҷаи омӯзишу назарпурсӣ, ки бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ гузаронда шудааст, иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон фасод ба муҳаррики пешбурди тиҷорат табдил ёфтааст.

Таҳлилгарони иттиҳод изҳор медоранд, ки фасод то ҷое ба муносибати миёни давлату тиҷорат ворид шудааст, ки айни ҳол аксари тоҷирон намедонанд, ки кадом маблағҳои пардохтаашон дар доираи қонун асту кадомаш ришва мебошад.
Соҳибкороне, ки ба содироту воридоти мол машғуланд, иқрор кардаанд, ки ҳамаи ниҳодҳои давлатие, ки фаъолияташонро назорат мекунанд, ришва мегиранд.
Шароити Тоҷикистон барои тиҷорати байналмилалӣ ҳам бад баҳогӯзорӣ шудааст.  Таҳлилгарони Анҷумани умумиҷаҳонии иқтисодӣ сатҳи воридоти 132 давлати дунёро ба тиҷорати байналмилалӣ баҳогузорӣ карда, Тоҷикистонро дар ҷои 110 –ум қарор додаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!