Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 июл 2017, 05:28

Намояндаи парлумон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд

30 май 2012, 12:58

Ронандае, ки  мудири бахши молияи Парлумонро зери чархи мошин монда буд, ба даст афтод.

Зимни гузаронидани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ронандаеро,  ки  Рафоатхон Чӯпонова, мудири бахши молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳуриро дар пайи як садамаи нақлиётӣ имрӯз (30 май) ба ҳалокат расонд, дастгир намуданд.
Тавре ба Озодагон аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД итилоъ доданд, имрӯз дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Бухорои пойтахт автомашинаи тамғаи BMV-X 5 таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе, Бахтиёр Хушвахтови 28 сола,  мудири бахши молияи Маҷлиси намояндагон Рафоатхон Чӯпоноваро пахш карда, мошинро мондаву худ аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст.
Айни замон нисбати ин қазия парвандаӣ ҷиноӣ боз намуда тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!