Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:50

«Сапеда-2012» истеъдодҳои навро меҷӯяд

31 май 2012, 04:26

Фардо, 1-уми июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар Кохи Борбад ҷашнвораи ҷумҳуриявии кӯдакону наврасони лаёқатманд таҳти унвони «Сапеда-2012» баргузор мешавад. Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур бо ибтикори Вазоратҳои фарҳангу маориф ва  Кумитаҳои телевизион ва радиою кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ роҳандозӣ мешавад. «Ҷашнвора бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз қабили рассомон, мутрибон, сарояндагон, раққосон ва ғайра гузаронида мешавад»,-афзуд манбаъ.
Дар фестивал беш аз 500 кӯдаку навраси лаёқатманд аз мактабҳои ҷумҳуриявии мусиқӣ, мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ба номи Миратулло Атоев ва Зиёдулло Шаҳидӣ, мактаби бачагонаи мусиқии шаҳри Душанбе, колеҷҳои санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Малика Собирова ҳунари хешро пешкаши тамошобинон мекунанд.
Ёдовар мешавем, фестивали «Сапеда» соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!