Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:45

Иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол-2012» муайян гардид

31 май 2012, 11:44

Нигора Шарифова омӯзгори фанни математикаи мактаби №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмуни вилоятии «Муаллими сол-2012» ғолиб омада, моҳи октябри соли равон дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол-2012» иштирок менамояд.

Тавре ба Озодагон аз Вазорати маориф хабар доданд, дар Мактаб-интернати махсусгардонидашудаи президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Чкалов озмуни вилоятии «Муаллими сол-2012» сурат гирифт. Ҳадафи асосии баргузории ин озмун дарёфт ва ошкор намудани омӯзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа, тарғибу паҳн намудани таҷрибаи педагогии беҳтарин муаллимони Тоҷикистон мебошад.
Дар марҳилаи аввали озмун 15 довталаб -ғолибони озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ ширкат намуда, 6 нафари онҳо аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифтанд.
Мувофиқи низомномаи озмун иштирокчиён аз рӯи 5 шарт -гузаронидани дарс аз ихтисос, соати тарбиявӣ, маҳорати кор кардан бо компютер, ҷавоби дуруст додан ба 10 савол доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа донишу маҳорати хешро нишон доданд.
Ҳайати доварон якдилона ба ҷойи якум омӯзгори фанни математикаи мактаби №10, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нигора Шарифова, ба ҷойи дуюм муаллими фанни химияи гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд Парвина Бердиева ва ба ҷойи сеюм омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи литсейи №1-и шаҳри Конибодом Зарнигорро Баротоваро сазовор донистанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!