Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Се роҳбари клуби Лигаи олиро ҷарима карданд. 3000 сомонӣ

31 май 2012, 12:29

Дар ҷаласаи Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон як қатор роҳбарони клубҳои Лигаи олӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Тибқи иттилои торнамои ФФТ, роҳбарони дастаҳои «Ҳосилот» ва «Хуҷанд» барои дар ҷараёни бозӣ қоидаро вайрон кардан, ҳар кадом ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима шуданд. Сарвари клуби «3арафшон»-и Панҷакентро бошад, барои ба талаботу шароити баргузории мусобиқа ҷавобгӯ набудани варзишгоҳаш ҳангоми бозӣ бо тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (27-уми май) 1000 сомонӣ ҷарима бастанд.
Ҳамчунин варзишгоҳи дастаи «Ҳосилот» аз мизбонии як бозӣ маҳрум гардида, худи даста ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима шуд. Дар ҷаласаи Кумитаи назорату интизоми ФФТ гуфта шудааст, ки дар дақиқаи 64-уми бозии даври 8-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни тимҳои «Ҳосилот» (Фархор) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) рӯзи 26-уми май дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор мухлисон ҷониби довар Исматулло Мӯъминов санг ҳаво додаанд. Санг ба сараш бархурда, ӯро захмӣ кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!