Бахшҳо

Кашфу мусодираи беш аз 15 кило «ҳашиш» дар Хуҷанд

Дар  давоми шабонарӯзи охир дар доираи баргузории даври якуми амалиёти «Кӯкнор-2012» Раёсати агентии назорати маводи нашъаовар ду амалиёт гузаронида, аз гардиши ғайриқонунӣ миқдори зиёди  маводи нашъадорро забт ва  мусодира намуданд.

Тавре ба Озодагон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, кормандони РАНМН дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд  чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, истиқоматкунандаи 41-солаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлонро бо гумонбарӣ дар қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд. Зимни  дастгир кардан  ӯ бо худ ду  адад халтаи селофанӣ доштааст, ки дар дохили он 64 адад маводи чоркунҷашакли ранги ҷигарӣ ва бӯи махсусдоштаро ҷойгир карда буд.
Дар пайи  амалиёти дуюм кормандони раёсат дар ҳудуди ноҳияи Ғончӣ бо гумонбарӣ дар интиқоли маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21213», таҳти идораи истиқоматкунандаи ҳамин ноҳияро нигоҳ доштанд. Дар рафти азназаргузаронии автомашина ба кормандони оперативӣ муяссар гардид, ки аз дохили он ду бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 8 адад маводи китобчашакли рангашон ҷигарии бӯи махсусдошта аст, ёфт ва мусодира намоянд.
Мутобиқи хулосаи шӯъбаи ташхиси судии РАНМН маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи ҳашиш буда, вазни умумиашон қариб 15 килограмм -ро ташкил дод.
Бино ба иттилои манбаъ, қаблан ин ҳар ду нафар дастгиршудагон бо моддаи 200 қисми 4 кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон  аз озоди маҳрум шуда буданд, вале ин барояшон сабақ нагардид.
Феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо Шӯъбаи тафтишотии агентӣ мутобиқи моддаи 200 қисми 4 кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон  (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Айни замон дастгиршудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии раёсати мазкур бурда шуданд ва тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)