Бахшҳо

ВКД заҳмати варзишгарони «Динамо»-ро қадр кард

Дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии роҳбарияти вазорат бо варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Мавзуна Чориева, Парвиз Собиров ва Анвар Юсупов, ки ба Олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, сурат гирифт.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд,  зимни ин вохӯрӣ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҷурахонов С.Қ. қайд кард, ки имрӯз бо фахр гуфта метавонанд, ки аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД якчанд корманди онҳо ба Олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд.
Ҳар сол даҳҳо нафар варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд ва соли 2011 онҳо соҳиби 307 медал аз ҷумла 92 тилло, 88 нуқра ва 127 медали биринҷӣ гаштаанд.
Баъдан дар ин мулоқот қайд карда шуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба соҳаи варзиш диққати хоса зоҳир намуда, кӯшиш менамояд, ки кормандони макомоти корҳои дохилӣ рӯҳан обутобёфта ва ҷисман боқувват бошанд. Бояд тазаккур дод, ки аксар варзишгароне, ки дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мебошанд.
Дар хотимаи вохӯрӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Мавзуна Чориева, Парвиз Собиров ва Анвар Юсупов «Сипоснома», рутбаҳои махсуси навбатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравиро муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов супорид.
Бояд қайд кард, ки варзишгари дигари Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Алишер Гулов низ роҳҳат ба Олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012-ро ба даст оварда, айни замон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Корея қарор дорад. Ӯ низ ба «Сипоснома»-и вазири корҳои дохилӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)