Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

Хитой дар Суғд корхонаи мис месозад

4 июн 2012, 04:42

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари давлатӣ дар Чин қарор дорад, аз кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, воқеъ дар қуллаи «Кӯҳи тиллоӣ»-и шаҳри Лунян дидан кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, аз ҷумла зикр гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтаринро ишғол менамояд.
«Ин ширкат дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистон аллакай наздики 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти навтарин истеҳсоли тиллоро хеле афзун намуд. Соли 2011 корхонаи Зарафшон 1320 кг тилло истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2010 9% зиёд мебошад. Давоми соли 2011 ин корхона ба буҷети давлатии кишвар 18 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. Тавре зикр гардид, солҳои наздик истеҳсоли солонаи тилло дар корхонаи Зарафшон бояд ба 5 тонна расонда шавад»,-хабар медиҳад манбаъ.
Зимни боздид аз корхонаи миси ин ширкат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, он бо истифода аз навтарин технологияи олмонӣ ҳар сол беш аз 20 ҳазор тонна мисс истеҳсол намуда, 40% онро ба хориҷа, асосан ба Аврупою Амрико, содир мекунад. Зимни суҳбат ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки чунин як корхона бо насби ҳамин гуна таҷҳизоти пешқадам дар вилояти Суғди Тоҷикистон бунёд намоянд.
Ёдовар мешавем, боздиди давлатии Эмомалӣ Раҳмон аз Хитой якуми июн шурӯъ гардида, фардо ба анҷом мерасад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!