Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:10

Тоҷикистон созишномаро тасдиқ кардааст, Беларус не

4 июн 2012, 10:10

Имрӯз, 4-уми июн мулоқоти масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо хонум Каврук Олга, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд: «Ҳамчунин дар нишаст ректори донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва донишҷуён низ ширкат намуданд. Дохил шудан, идома додан ва такмили ихтисос дар донишгоҳҳои Беларус ва кору фаъолияти донишҷӯёни Беларус дар Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои аслии мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо буд».
Абдулло Қодирӣ афзуд, созишномае, ки қаблан дар масъалаи муҳоҷират миёни тарафҳо ба имзо расида буд, аз ҷониби Тоҷикистон тасидиқи худро ёфт ва аз сӯи Беларус бошад, то ҳол тасдиқ  нашуда, дар ҳоли омӯзишу баррасӣ қарор дорад.






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!