Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:31

Мактабҳои Данғара толори варзишӣ надоранд?

4 июн 2012, 10:33

Дар ноҳияи Данғара аз 68 мактаб (41 таҳсилоти умумӣ, 19 таҳсилоти асосӣ, 7 ибтидоӣ ва 1 гимназия) танҳо дар 17-тои он толори варзишӣ барои хонандагон фаъол аст. Дар ин бора ба Озодагон Қурбоншоҳ Абдуллоев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия иттилоъ дод.

Ин дар ҳолест, ки яке аз супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба масъулин зимни вохӯрӣ бо варзишгарони ҷумҳурӣ бунёди ҳар чӣ бештари толорҳои варзишӣ буд.
Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, бо ибтикори як соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳия сохтмони мактаби нав барои 640 хонанда оғоз гардидааст. Ҳамзамон, дар ҷамоати Яхсу мактаб барои 220 хонанда, аз ҳисоби Вазорати маориф дар рустои Навобод ва Даштак 2 мактаби нав, аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоӣ дар рустои Иғрон 6 синфхона, дар рустои Чорсада барои муҳоҷирони кӯчбастаи қаротегинӣ аз ҳисоби ташкилоти «Роғунгесстрой» як мактаби дигар барои 320 хонанда сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ толори варзишӣ ҳам бунёд мешавад, вале барои макотиби фаъолбуда кӣ ва кай толори варзишӣ месозад, номаълум боқӣ мемонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!