Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 325 ҳазор бех бангдонаи худрӯй дарёфт шудааст
Тавре ба Озодагон дар раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, рӯзи гузашта ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кукнор-2012» дар ҳудуди боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд, боғи фарҳангиву фароғатии «Наврӯзгоҳ», стансияи обкашии №2, воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳр, стансияи киштиҳо, воқеъ дар соҳили Сир, заминҳои бекорхобидаи назди беморхонаи вилояти Суғд ва минтақаи истеҳсолии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд 325 000 бех растании худрӯй ёфт ва мусодира шудааст. Мувофики ташхис, растаниҳои дарёфтнамуда намуди бангдонаи худрӯй буда, вазни хоси он 350 килоро ташкил додааст.
Мӯҳр