Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:58

Дар ноҳияи Панҷ аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноиро дастгир карданд

5 июн 2012, 04:41

Дар пайи як амалиёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ паноҳгоҳи гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо роҳбарии Шералӣ Адҳамови 37 сола муайян ва безарар гардид.

Ин гурӯҳ дар содир намудани чандин ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили одамкушӣ ва таркиш дар кофтукови байналмиллалӣ қарор дошт. Тавре аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт гурӯҳи мазкур муқовимати мусаллаҳона нишон додааст. «Дар ҷойи истиқоматии Шералӣ Адҳамов, воқеъ дар ноҳияи Панҷ, деҳаи Бедак ду адад автомати тамғаи Калашников, ду норинҷак, 800 дона тир, 15 телефони мобилӣ, 103 симкарта, як воситаи мухобира ва дигар таҷҳизоти ҳарбӣ, якчанд автомашинаҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, миқдори ниҳоят калони маводи мухаддир ва ҳуҷҷатҳое, ки аз содир шудани ҷиноят шаҳодат медиҳанд, ёфт ва мусодира карда шуд»,-афзуд манбаъ.
Бино ба иттилои сарчашмаи хабар инчунин дигар ҳамаслакони ӯ, иборат аз се нафар дастгир шуданд. Дар гузаронидани амалиёти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ мақомоти амнияти миллӣ низ саҳм гирифтаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!